УМУМӢ

Мулоқоти Сиридоҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои покистониаш

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Тошканд бо Вазири корҳои хориҷии Покистон мулоқот кардааст. Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дирӯз, 28-уми июли соли 2022 “дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Тошканд бо Вазири корҳои хориҷии Покистон мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дирӯз, 28-уми июли соли 2022 “дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Биловал Бҳуто Зардорӣ баргузор гардид.”

Ба иттилои манбаъ, “зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ карданд.”

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби ниҳодҳои бисёрҷониба, аз ҷумла СҲШ табодули афкор анҷом доданд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Покистон тайи сӣ соли ахири равобити хуби диполаматӣ доранд ва барои муҳкам кардани ин равобит даҳҳо созишнома ва тавофуқномаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф байни ду кишвар ба имзо расидааст.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.