УМУМӢ

Мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои узви СҲИ

Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмии ду рӯзаи худ ба Ишқобод, пойтахти Туркманистон бо як қатор президентҳо мулоқот кард. Акс аз сомонаи “prezident.tj” Тибқи иттилои Хадамоти маркази матбуоти Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 27-ум ва 28-уми ноябр бо сарони кишварҳои Туркманистон, Покистон, Эрон, Туркия, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон мулоқот кардааст. Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқотҳои худ сарони кишварҳои […]

Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмии ду рӯзаи худ ба Ишқобод, пойтахти Туркманистон бо як қатор президентҳо мулоқот кард.

Акс аз сомонаи “prezident.tj”

Тибқи иттилои Хадамоти маркази матбуоти Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 27-ум ва 28-уми ноябр бо сарони кишварҳои Туркманистон, Покистон, Эрон, Туркия, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон мулоқот кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқотҳои худ сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ бештар дар масоили тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, афзоиши бештари додугирифт, интиқоли молу маҳсулот ва бахусус дар рушди иқтисоди сабз суҳбат карда, хостори тавсеаи ҳамкориҳо шудааст.

Гуфтанист, президенти Тоҷикистон дар робита масъалаи Афғонистон ҳамоно мавзеашро тағйир надода, ташкили ҳукумати фарогирро барои ба расмият шинохтани он талаб дорад ва ӯ дар рафти мулоқотҳояш бо сарони кишварҳои мазкур бори дигар ба масъала таъкид кардааст.

Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон бо назардошти иқлими Афғонистон ва расидани замистон расонидани кумакҳои башардӯстонаро аз тариқи сохторҳои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ таъкид кардааст.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.