Амриддин Аловатшоев, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон 11-уми январи соли ҷорӣ дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуда буд. Мақомоти тоҷик то рӯзи 2-юми феврал боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудани ӯро рад мекарданд.
Юсуф Раҳмон, Додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 2-юми феврал баргузор гардид, гуфт, ки Аловатшоев аз соли 2018 дар пайгард қарор дошт ва бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт ва истирдод шуд, аммо ӯ нагуфт, ки бар зидди Аловатшоев бар асоси кадом моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Ин дар ҳолест, ки худи ҳамон рӯз, яъне 2-юми феврал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон низ бо хабарнигорон нишасти матбуотӣ дошт, ӯ гуфт, ки Аловатшоев Амриддин бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт ва ба Душанбе истирдод нашудааст, балки худи ӯ “аз Русия баргашт ва мо ӯро дастгир кардем, чунки нисбати ӯ барои ташкили гирдиҳамоӣ дар шаҳри Хоруғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд.”
Инҷо кӣ ҳақиқат гуфта буд номаълум аст.
Мақомот Аловатшоевро бо чанд иттиҳом, аз ҷумла гаравгонгирӣ, аз озодӣ маҳрум кардан ва ғайра муттаҳам мекунанд. Наздикон ва нафароне, ки Аловатшоевро мешиносанд, мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ ба корҳои ҷиноӣ даст назадааст.