УМУМӢ

Сафари намояндаи Толибон ба Тоҷикистон

Як намояндаи расмии Толибон дар ҳайати тими футболи наврасони Афғонистон вориди Душанбе шудааст. Дар ин бора сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе ба расонаҳо хабар дод. Акс аз Азия-Плюс Хабаргузории Мунтахаби то 16-солаи футболбозони Афғонистон Гуфтанист, 15-уми августи соли 2021 Толибон пас аз фирори Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон вориди Кобул шуда, қудратро дар […]

Як намояндаи расмии Толибон дар ҳайати тими футболи наврасони Афғонистон вориди Душанбе шудааст. Дар ин бора сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе ба расонаҳо хабар дод.

Акс аз Азия-Плюс

Хабаргузории

Мунтахаби то 16-солаи футболбозони Афғонистон

Гуфтанист, 15-уми августи соли 2021 Толибон пас аз фирори Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон вориди Кобул шуда, қудратро дар Афғонистон дар даст гирифтанд ва то кунун расман ҳеч кившаре дар дунё ҳукумати онҳоро эътироф накардааст.

Бо ин вуҷуд, чанде қабл Русияву Чин, Эрону Покистон ва Туркманистон дипломатҳои мансуб ба Аморати исломиро ба кор дар сафоратхонаҳои Афғонистон пазируфтаанд, вале Тоҷикистон, то ҳол Толибонро як гурӯҳи “террористӣ” дониста, ҳукумати онҳо бар Афғонистонро расман эътироф накардааст.

Аммо ба қавли баъзе манобеъ, дар давоми 9 моҳи раҳбарии Толибон ба ин кишвар, бархилофи мавқеъгириҳои расмӣ, доду гирифтҳои тиҷоратӣ ва транзитии Тоҷикистону Афғонистон, бахусус интиқоли молу колоҳои тиҷоратии мансуб ба домодҳо ва наздикону пайвандони Эмомалӣ Раҳмон ҳам нисбат ба гузашта дар ин масир афзоиш доштааст.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.