То поёни муҳлати ҳузури нерӯҳои Амрико ва шарикони асосии он аз кишварҳои узви НАТО дар Афғонистон як рӯз боқӣ мондааст. Имрӯз нишасти Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи Афғонистон ва иқдомҳои минбаъдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин кишвар сурат мегирад. Дирӯз, Департаменти давлатии ИМА дар як изҳорот аз баргузории ин нишаст эълон карда гуфт, дар […]
Кормандони AZDA TV· 30.08.2021
То поёни муҳлати ҳузури нерӯҳои Амрико ва шарикони асосии он аз кишварҳои узви НАТО дар Афғонистон як рӯз боқӣ мондааст.
Имрӯз нишасти Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи Афғонистон ва иқдомҳои минбаъдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин кишвар сурат мегирад.
Дирӯз, Департаменти давлатии ИМА дар як изҳорот аз баргузории ин нишаст эълон карда гуфт, дар он “равиши ҳамоҳангшуда барои рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда” баррасӣ мешавад.
Реклама / Advertisement
Дар ин нишаст намояндагони кишварҳои Фаронса, Канада, Олмон, Италия, Ҷопон, Британияи Кабир ва Русия ҳузур пайдо хоҳанд кард. Ҳамчунинин намояндагони кишвари Туркия, Қатар, Иттиҳодяи Аврупо ва Паймони Атлантикаи Шимолӣ низ ширкат мекунанд.
Дар изҳорот ишора шудааст, ки котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен пас аз мулоқот барои арзёбии иқдомҳои ахири ИМА дар Афғонистон суханронӣ хоҳад кард.