УМУМӢ

Нигаронии СММ аз афзоиши фасод дар Тоҷикистон

Коршиносони Созмони Миллали Муттаҳид бо нигаронӣ аз афзоиши фасод дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин кишвар дар байни 198 давлати дунё мақоми 153-юмро ишғол мекунад. 5-уми октбяри соли 2022 сомонаи расмии Дафтари Комиссари Олӣ Ҳуқуқи башар вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид бо нашри як гузориш гуфт, ки Тоҷикистон дар байни 198 кишвари дунё дар рушди фасод […]

Коршиносони Созмони Миллали Муттаҳид бо нигаронӣ аз афзоиши фасод дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин кишвар дар байни 198 давлати дунё мақоми 153-юмро ишғол мекунад.

5-уми октбяри соли 2022 сомонаи расмии Дафтари Комиссари Олӣ Ҳуқуқи башар вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид бо нашри як гузориш гуфт, ки Тоҷикистон дар байни 198 кишвари дунё дар рушди фасод дар мақоми 153 қарор дорад, ки ин амр нигаронкунанда мебошад.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия” ва “Стратегия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба мубориза бо коррупсия” мавҷуд аст, вале бо вуҷуди онҳо фасод дар тамоми бахшҳои ҷомеа ба таври рӯзафзун густариш пайдо мекунад.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон бар иловаи қонун ва стартегиву нақшаи мубориза бо коррупсия Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ амал мекунад, вале чун ришва гирифтану пора додан дар сатҳи болоии Ҳукумати Тоҷикистон реша давондааст, хушк кардани решаҳои он дар ниҳодҳои алоҳида ва камсалоҳияти давлат ва ҳукумат самарабахш набудааст.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.