Албатта, ин маблағ (агар дуруст бошад) аз кисаи чанд соҳибкори бозор ва корхонаҳо рӯёнда шудааст, на мустақим аз маоши Эмомалӣ Раҳмон ва ё мансабдори дигаре.
Дар баъзе аз ин наворҳо дида мешавад, як маъюбе дар орзуи як аробачаи махсуси маъюбӣ аст то битавонад ба воситаи он ба берун барояд ва онро хайрхоҳон ба ӯ мерасонанд, ки мегӯяд, кумаку ғамхории мардумро дида, “дилам ба зиндагӣ гарм шуд“.
Оё то ин дам ҳукумат воқеан наметавонист як аробачаи маъюубӣ барояш ҳадя кунад ва ӯ битавонад аз хонааш берун барояду аз паси ризқу рӯзияш гардад? Ва ё аз ҳоли чунинҳо бехабар буданд? Албатта, ҳам медонист ва ҳам метавонист. Як сафари бо дабдабаи Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо, ки миллонҳо сомонӣ масраф мешавад, агар нисфи маблағи он ба маъюбу ниёзмандон расонида шавад, шояд хонаи даҳҳо ниёзманд обод гардад.
Модом ки мардум худаш маъюбу ниёзмандони ҷомеаро бо пули муҳоҷират таъмин мекунад, ин ҳукумат барои кӣ ва чӣ кор мекунад, ки наметавонад ниёзи касеро бароварда созад? Ин миқдори маблағе, ки аз будҷаи кишвар барои бознишастагон ва маъюбон ҷудо мешавад, оё воқеан ба дасти соҳибонашон мерасад? Агар мерасид, ҳечгоҳ як мард барои як буридаи нон ашки ғам намерезонд.