Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.
Бино ба иттилои расмӣ, 25-уми майи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё даъват шуда буд, зимни суханоронияш гуфт: “кишварҳои аъзо ва нозирони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шарикони анъанавии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва кишвари мо дар асоси дуҷониба бо аксари онҳо робитаҳои зичи тиҷоративу иқтисодӣ дорад.”
Ба қавли манбаъ, Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо ҳама кишварҳои узви доим ва нозири ин созмон робитаҳои сиёсӣ ва доду гирифтҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дорад ва танҳо дар соли 2022 ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё “зиёда аз 42 фоизро ташкил карда, қариб панҷоҳ фоизи содироти молҳои истеҳсоли маҳаллӣ ба онҳо рост меояд.”