Тоҷикистон барои баргузории ду нишасти муҳимми минтақавӣ дар моҳи сентябри имсол дар шаҳри Душанбе омода мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзҳои 14-15-уми сентябри соли 2023 Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегараданд.
Ба қавли манбаъ, дирӯз, 15-уми июни соли ҷорӣ Сарвазири Тоыикистон, раиси Кумитаи тадорукот Қоҳир Расулзода дар бораи омодагии кишвар барои баргузории ин чорабиниҳои муҳимм ба Эмомалӣ Раҳмон ва дигар аъзои ҳукумат гузориш дод.