Пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки бар асари истеъмоли маводи мухаддир як занро куштааст.
Шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 18-уми март аз боздошти ин марди 35-сола хабар дод. Гуфта мешавад, ин ҷавон сокини шаҳри Душанбе буда, бо гумони “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гаштааст”, боздошт шудааст.
Ба иттилои ШКД 1-и ноҳияи Сино, гумонбар Алишер Туманов ном дошта, “8-уми марти соли соли ҷорӣ дар манзили истиқоматиаш бо зани 29-сола маводи нашъадори навъи “метамфетамин” (кристал) истеъмол карда, баъд аз эҳсоси рашк ин занро латтукӯб кардааст.” Дар натиҷа, ҷабрдида, кӣ аз вай З. Абдуллоева ном бурда шудааст, бо ҷароҳатҳои вазнин 11-уми марти соли 2025 дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Вазорати корҳоди дихили мегӯяд, таҳқиқи бештари ин ҳодиса идома дорад.