Акс аз Азия-Плюс Парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон идома дорад. Аз рӯзи 20-уми июл ба баъд қарор аст аз шаҳрҳои Маскав, Санкт- Петербург ва Краснодар ҳавопаймоҳои ширкатҳои “Тоҷик эйр” ва “Сомон эйр” мусофиронро ба Тоҷикистон баргардонанд. Оғози парвозҳои байналмилалӣ аз Русия ба меъёрҳои дигарро ҳукумати ин кишвар таъйин кардааст. Барои мисол мувофиқи меъёри […]
Кормандони AZDA TV· 20.07.2020
Акс аз Азия-Плюс
Парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон идома дорад. Аз рӯзи 20-уми июл ба баъд қарор аст аз шаҳрҳои Маскав, Санкт- Петербург ва Краснодар ҳавопаймоҳои ширкатҳои “Тоҷик эйр” ва “Сомон эйр” мусофиронро ба Тоҷикистон баргардонанд.
Оғози парвозҳои байналмилалӣ аз Русия ба меъёрҳои дигарро ҳукумати ин кишвар таъйин кардааст. Барои мисол мувофиқи меъёри таъинкардаи ҳукумати Русия, бо кишварҳое, ки дар 14 шабонарӯзи охир ба ҳисоби миёна камтар аз 40 ҳолати беморӣ COVID-19 бар сари 100 ҳазор аҳолӣ доранд, парвозҳои байналмилалиро боз мекунанд. Русия ҳамчунон суръати афзоиши сироятёбии шаҳрвандон ба “COVID-19”-ро ба инобат мегирад, ки камтар аз 1 фоиз дар як шабонарӯз бояд бошад.
Бино бар омори расмие, ки мақомоти тандурустии Тоҷикистон эълон мекунанд, мизони сироятёбӣ ба COVID-19 дар кишвар аз ин ченак поёнтар аст. Парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия аз 20-уми март инҷониб қатъ карда шудааст ва ин ҳолат буҳрони бесобиқаи нақлиётиро ба вуҷуд овард.
Реклама / Advertisement
Садҳо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дармонданд. Тоҷикистон барои бозгардони шаҳрвандон парвозҳои чартерӣ ташкил кард, аммо он барои ҳама хоҳишмандон кофӣ нест. Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯйхати ниёзмандонро тартиб дод ва мувофиқи он ба мусофирон қабл аз ҳама ба афроди солхӯрда, беморон ва кормандони идораҳои давлатӣ ва донишҷӯён билет фурӯхта мешавад.
Охири моҳи май мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистонро ба роҳ мондаанд ва шаҳрвандони ниёзмандро бо навбат ба ватан бармегардонанд. Пас аз ин дар назди сафорат муҳоҷироне, ки хоҳиши бозгашт ба ватанро доштанд, ҷамъ омаданд.
Ду ҳафта пеш онҳо эътироз карданд, ки сафорат дар руйхат онҳоеро ҷой додааст, ки дар асл ниёзманд нестанд. Сафорат иддаои онҳоро рад мекунад ва мегӯяд, дар навбати аввал занони ҳомила ва маъюбонро ба ватан бармегардонанд. Парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон идома дорад. Аз рӯзи 20-уми июл ба баъд қарор аст аз шаҳрҳои Маскав, Санкт- Петербург ва Краснодар ҳавопаймоҳои ширкатҳои “Тоҷик эйр” ва “Сомон эйр” мусофиронро ба Тоҷикистон баргардонанд.