Русия то 300 ҳазор сарбози захиравияшро ба артиш басиҷ мекунад
Президенти Русия Владимир Путин дар як муроҷаити видеоӣ ба сокинони кишвараш аз қисман басиҷкунӣ ба артиш хабар дод. Матн ва видеои муроҷиат имрӯз, 21-уми сентябр дар сомонаи Кремл нашр шуд, ки Путин дар он мегӯяд, “барои ҳифзи Ватан ва якпорчагии худ зарур мешуморам, ки аз қисман басиҷкунӣ ба артиш дастгирӣ кунам”. Президенти Русия гуфт, ки […]
Кормандони AZDA TV· 21.09.2022
Президенти Русия Владимир Путин дар як муроҷаити видеоӣ ба сокинони кишвараш аз қисман басиҷкунӣ ба артиш хабар дод.
Матн ва видеои муроҷиат имрӯз, 21-уми сентябр дар сомонаи Кремл нашр шуд, ки Путин дар он мегӯяд, “барои ҳифзи Ватан ва якпорчагии худ зарур мешуморам, ки аз қисман басиҷкунӣ ба артиш дастгирӣ кунам”.
Президенти Русия гуфт, ки ба артиш онҳое даъват хоҳанд шуд, ки дар артиши Русия хизмат карда, дар ҳайати захиравӣ ҳастанд. Ва қабл аз фиристодан ба қисмҳо, ҳатман аз таълими иловагии ҳарбӣ мегузаранд.
Дар идома Владимир Путин қисман басиҷкунӣ ба артишро “як қадами зарурии фаврӣ барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ, амният ва тамомияти арзии кишвар” номида, Ғарбро ба “аз ҳам ҷудо кардан ва аз байн бурдани Русия” муттаҳам кард.
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу дар пайи фармони “қисман басиҷкунӣ” ба артиш ба расонаҳо гуфт, ки “мо на он қадар бо Украина, балки бо Ғарби дастҷамъӣ дар ҷанг ҳастем” ва “тамоми гурӯҳҳои моҳвораии НАТО алайҳи Русия кор мекунанд”.