Оё то поёни соли 2020 нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон хориҷ мешаванд?
Сурат: www.defense.gov Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки нерӯҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон то охири ҳамин сол ба ИМА бармегарданд. Дар ин бора худи Доналд Трамп дар саҳифаи Твиттераш хабар дод. “Чанд нафари боқимондаи мардон ва занони ҷасури мо, ки дар Афғонистон хидмат мекунанд, бояд то соли нав ба хона баргарданд”, – навиштааст президент Трамп […]
Кормандони AZDA TV· 08.10.2020
Сурат: www.defense.gov
Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки нерӯҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон то охири ҳамин сол ба ИМА бармегарданд. Дар ин бора худи Доналд Трамп дар саҳифаи Твиттераш хабар дод.
“Чанд нафари боқимондаи мардон ва занони ҷасури мо, ки дар Афғонистон хидмат мекунанд, бояд то соли нав ба хона баргарданд”, – навиштааст президент Трамп дар ин паёмаш.
Чанд соат пештар аз паёми Доналд Трамп, мушовири амнияти миллии ИМА Роберт О’Брайен изҳор дошт, ки шумораи сарбозони амрикоӣ, ки дар Афғонистон мустақаранд, то аввали соли 2021 то 2500 коҳиш дода мешавад.