Ҷоизаи касбии Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон барои риояи меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии фаъолияти рӯзноманигорӣ солона барои як нафар аз хабарнигорони кишвар дода мешавад.
Пеш аз ин дар соли 2022 Ҷоизаи Эътимоди Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери зиндонии Тоҷикистон дода шуда буд, аммо баъд аз он ки тобистони соли гузашта мақомоти Тоҷикистон Далери Имомалӣ ва 7 нафари дигар аз рӯзноманигорон ва блогерони шинохтаи кишварро бо баҳонаҳои мухталиф боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд, на Шӯрои ВАО ва на дигар созмонҳои дохилӣ ва хориҷие, ки барои ҳимоят аз рӯзноманигорон ташкил шудаанд, натавонистанд ҳатто, пеши роҳи зиндонӣ шудани яке аз онҳоро бигиранд.
Инчунин имсол низ эълон карда шуд, довталабон метавонанд барои дарёфти ҷоизаи Эътимод ва дигар ҷоизаҳои созмонҳои рӯзномагорӣ, ки маъмулан дар Рӯзии озодии баён-3-юми май дода мешаванд, матолиби чопшуда ва нашр гардидаи худро ирсол намоянд, баҳси блогерон ва рӯзноманигорони зиндонии Тоҷикистон, ки айни замон теъдоди онҳо ба 11 нафар мерасад, аз нав эҳё шуд.
Ҳамзамон хеле аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо таваҷҷуҳ шиддат гирифтани мавҷи фишорҳо ва таъқиби мақомот аз рӯзноманигорону блогерон ва дар умум корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид карда буданд, ки пеш аз довталаб шудан ба ин ҷоизаҳо дар бораи боздоштҳои эҳтимолӣ ва бегуноҳ ба кунҷи зиндонҳо фиристода шуданро ҳам бояд андеша кард.
Далери Имомалӣ пас аз як моҳи сазовор шудан ба ҷоизаи Эътимоди Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ҳангоми бозпурсии мақомот мавриди лату кӯб қарор гирифта буд. Яке аз кормандони мақомот, ки ӯро бозпурсӣ мекард, як мушт ва се шаппотӣ ӯро зада буд ва баъд аз чанд муддат боздошт ва равонаи зиндон гардид.
Гуфта мешавад, “Шӯрои васоити ахбори омма як созмони мустақил буда, бо мақсади худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон, барои қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое, ки ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ тааллуқ доранд, ташкил шудааст. Ҳадаф аз фаъолияти Шӯрои ВАО рушди озодии баён, баланд бардоштани сифати рӯзноманигорӣ ва таҳкими меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ дар Точикистон аст.”