Ҷамъе аз фаъолони олмонӣ ва тоҷикистонӣ бо баргузории як тазоҳурот дар шаҳри Дортумнд аз мақомоти кишварашон талаб доранд, ки суд бояд иштибоҳашро ислоҳ кунад.
Пеш аз ин мақомоти Олмон рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро аз тариқи Турия ба Тоҷикистон ихроҷ карда буданд. Пас аз ихроҷ дар шаҳри Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддин билофосила боздошт ва нопадид шуд.
Реклама / Advertisement
Эътироъгарони ҳамоиши имрӯз ҳам ба ҳамин хотир аз мақомоти Олмон талаб доранд, ки барои озод кардани ин фаъоли сиёсии тоҷик аз банди зиндон ва шиканҷаи мақомоти Тоҷикистон даст ба кор шавад.
Инчунин ширкаткунандагони ин ҳамоиши эътирозӣ талаб доранд, ки суд иштибоҳашро ислоҳ кунад ва барои пайвастани Абдуллоҳи Шамсиддин ба ҳамсар ва фарзандонаш дар Аврупо ва баргардонидани ӯ ба Олмон иқдом кунад.
Ҳамзамон Ҳизби сабзҳои Олмон низ дар ин қазия ҳамроҳ шуда, бо ҷамъоварии имзоҳо мехоҳад парвандаи Абдуллоҳи Шамсиддинро ба парлумони ин кишвар бибарад ва ин масъаларо дар сатҳҳои болотари давлат низ ба миён бигузорад.
Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон ҳам пас аз нишастани ҳавопаймо ба фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе, Абдуллоҳи Шамсиддинро аз дохили ҳавопаймо боздошт карда бо худ бурданд, ва расман бо гузашти беш аз 3 ҳафта то ҳол дар бораи дар куҷо ва дар чӣ шароите нигоҳ доштани ӯ ҳеч иттилое надодаанд.