Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи Ҳукумат ба масъулони соҳаи маориф супориш додааст, ки сифати таълими “алифбои ниёгон”-ро дар муассисаҳои таълимии кишвар беҳтар кунанд.
Тибқи иттилои расмӣ, ин масъала дар доираи “сиёсати тарғибу ташвиқи таърих ва фарҳанги ориёӣ” баррасӣ шудааст. Эмомалӣ таъкид карда, ки дар барномаҳои таълимии мактабҳо бояд ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад. Бо ин мақсад, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки пешниҳодҳои мушаххаси худро барои такмили ин раванд пешниҳод кунад.
Ин дастури нав дар ҳоле садо медиҳад, ки мунтақидон ин гуна супоришҳоро бештар амали намоишӣ медонанд. Масъалаи бозгашт ба хатти форсӣ солҳост дар байни равшанфикрон ва зиёиёни тоҷик мавриди баҳсҳои тунд қарор дорад. Гоҳо ин баҳсҳо дар фазои маҷозӣ авҷ гирифта, аҳли зиё ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд, ки гурӯҳе хостори эҳёи хатти таърихӣ ва гурӯҳи дигар нигарони мушкилоти саводнокӣ бо хатти кирилӣ мешаванд.