12 шаҳрванди Қирғизистон, ки дар Тоҷикистон боздошт шуда буданд ба ватанашон баргардонида шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар минтақаи Ботканд хабар дод.
Гуфта мешавад, ки панҷ нафари боздоштшудаҳо зодагони вилояти Ботканд, ду нафари дигар аз Ӯш мебошанд. Ҳамчунин моҳи феврал ду сокини Бишкек озод карда шуда буданд.
“Дар Тоҷикистон шаҳрвандони мо айбдор дониста шуда, ба ҷарима маҳкум шуданд ва аз толори суд озод карда шуданд. Қаблан, пас аз музокироти ваколатдори ҳукумат дар вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев бо ҳамтои тоҷики худ Раҷоббой Аҳмадзода се қирғизистонӣ ба ватани худ баргаштанд. Инҳо на дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар минтақаи марзӣ боздошт шуда буданд. Ба онҳо ҳушдор дода шуд ”, – гуфтанд дар ин бора аз хадамоти матбуоти намояндаи ваколатдори ҳукумат дар минтақаи Ботканд.