Дар Думаи давлатӣ пешниҳод шуда, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводид ҷорӣ карда шавад.
Ҷорӣ кардани низоми раводид ба кишварҳои Осиёи Марказиро вакили Думаи давлатӣ ва раҳбари “Русияи боадолат” Сергей Миронов пешниҳод кардааст. Дар ин бора 9-август “ Бинобар зиёд шудани ҷангҳои муҳоҷирон дар минтақаҳои Русия ин вакили парлумон пешниҳод карда, ки бояд талаботҳо барои онҳое, ки аз Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон вориди Русия мешаванд, пурзӯр карда шавад. “Барои ба тартиб даровардани талаботҳо дар дохили кишвар, онро бояд аз сарҳад оғоз кард ва ҷорӣ намудани низоми раводид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин қадами боэътимодтарин аст. Ман борҳо ин тарҳро пешниҳод карда будам, аммо имрӯз вақти он расидааст,” пешниҳод кард Миронов ба Думаи давлатии Русия.