Қадам Исматов дар баҳсҳои додгоҳии Русия ғолиб омад
Қадам Исматов бо адвокаташ Шуҳрат Қудратов (Акс аз “akhbor.com”) Бознашри матлаб аз сомонаи “akhbor.com”. Додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Саратови Русия рӯзи 20 август талаби пулиси вилояти Саратов дар мавриди бекор кардани шаҳрвандии Қадам Исматов, яке аз корбарони фаъоли Фейсбукро рад кард. Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Саратов даъво дошт, ки Қадам Исматов соли 2005 ҳангоми гирифтани […]
Дар Сарраёсати пулис Қадам Исматов хабар ёфт, ки ӯ аз 24 ноябри соли 2016 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон таҳти кофтукови байналмилалӣ қарор дода шудааст.
Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон ба зидди Қадам Исматов бар асоси 6 моддаи Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд:
1)Моддаи 187, қисми 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ))
2)Моддаи 189, қисми 3 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ аз ҷониби гуруҳи муташаккил)
3)Моддаи 307, қисми 3 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ)
4)Моддаи 307.1, қисми 2 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет)
5)Моддаи307.2, қисми 2 (узвият дар иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)
6)Моддаи 307.3, қисми 2 (Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар,)
Мақомоти Тоҷикистон Қадам Исматовро ба он гунаҳкор кардаанд, ки бо созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” ва бо роҳбарони оппозитсия, аз ҷумла бо Додоҷон Атовуллоев, Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев ҳамкории зич дорад.
Аммо Қадам Исматов мегӯяд, дар ҳақиқат узви раёсати Анҷумани нирӯҳои созандаи Додоҷон Атовуллоев буд, вале бо “Гуруҳи 24” ва ҳеҷ кадом аз дигар гуруҳҳои мухолиф ва раҳбарони онҳо иртиботе надорад.
Додситон гуфтааст, онҳо мефаҳманд, ки мақомоти Тоҷикистон ҳар нафареро, ки аз ҳукумат танқид мекунад, бо моддаи 307 таҳти кофтуков қарор медиҳанд. Бино ба эътирофи ин додситон, мақомоти Душанбе танҳо бар асоси ин моддаи 307 беш аз 4 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистонро таҳти кофтукови байналмилалӣ қарор додаанд.
Бо ҳамин, додситонии Саратов Қадам Исматовро раҳо кардааст.
Аммо Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Саратов моҳи феврал ба додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Саратов муроҷиат кард, ки Қадам Исматовро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кунанд. Чунин қарор роҳро барои истирдоди ӯ ба Тоҷикистон боз мекард. 13 март додгоҳи ноҳияи Киров талаби вакили мудофеи Қадам Исматов – Шуҳрат Қудратовро пазируфт ва дархости пулис барои лағви шаҳрвандии Исматовро бе баррасӣ монд, яъне рад кард.
Дар ин байн дар Русия ба далели коронавирус карантин эълон шуду аксари муассисаҳо, аз ҷумла судҳо карантин шуданд.
Вале рӯзи 14 июл додгоҳ дар пайи талаби дубораи пулиси Саратов қарори додгоҳи зинаи аввал дар мавриди бе баррасӣ монондани тақозои лағви шаҳрвандии Исматовро бекор кард ва ин қазияро барои баррасии дигарбора ба ҳамон додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Саратов фиристод.
Идомаи ҷустуҷӯи байналмилалии Қадам Исматов дар ҳолест ки моҳи декабри соли 2019 Додситонии кулли Тоҷикистон бар асоси қонуни афв парвандаи ҷиноятӣ ва қарори кофтукови байналмилалии Додоҷон Атовуллоев, роҳбари Анҷумани нирӯҳои созанда, созмонеро, ки Қадам Исматов барои узвият ва тарафдорӣ аз он таҳти кофтуков қарор гирифтааст, бекор кард ва гуфт, Атовуллоев акнун метавонад озодона ба Ватан баргардад.