
Сардори раёсати Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон, Садриддинхон Султонзода дар нишасти хабарӣ гуфт, ки нисбати раиси бозори марказии Шаҳритус Насим Каримов бо иттиҳоми “риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор” парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд исрол шудааст.
Харабгузории “Asia-Plus” аз қавли Султонзода менависад:
“Баъд аз сӯхтор мутахассисони мо санҷида, маълум карданд: сӯхтор аз хати барқи иловагии бозор сар задааст, ки барои равшанидиҳӣ ва таъмини яхдонҳо бо барқ кашида шудааст. Дар рафти санҷиш маълум шуд, ки тахминан 10 рӯз қабл сӯхтори хурде рух додааст, вале онро аз мо пинҳон кардаанд. Аз натиҷаи санҷиш нисбат ба сарвари бозор Насим Каримов ва барқчии он Маҳмадулло Давлатов бо моддаи 192 қисми 2 КҶ ҶТ (Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расида, ба суд фиристода шудааст”.