УМУМӢ

Даргузашти раиси ноҳияи Мастчоҳ

Тоҳир Азиззода, раиси 41-солаи ноҳияи Мастчоҳ пас аз ҷарроҳие 14-сентябр дар шаҳри Душанбе аз олам дар гузашт. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар саҳифаи Фейсбукиаш хабар дод, ки раиси ноҳияи Масчоҳ пас аз як “бемории кӯтоҳмуддат” даргузашт. Аммо “Азия-Плюс” дар истинод ба манобеаш навишт, ки “Тоҳир Азиззода охирҳои моҳи июни имсол ба бемории коронавирус дучор […]

Тоҳир Азиззода, раиси 41-солаи ноҳияи Мастчоҳ пас аз ҷарроҳие 14-сентябр дар шаҳри Душанбе аз олам дар гузашт.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар саҳифаи Фейсбукиаш хабар дод, ки раиси ноҳияи Масчоҳ пас аз як “бемории кӯтоҳмуддат” даргузашт.

Аммо “Азия-Плюс” дар истинод ба манобеаш навишт, ки “Тоҳир Азиззода охирҳои моҳи июни имсол ба бемории коронавирус дучор шуд ва тақрибан як моҳ табобат гирифт”. Яке аз наздикони ӯ гуфта, ки “ду рӯз пештар бинобар беморӣ, ки ба мо то ҳол норӯшан аст, Азиззодаро ба Душанбе бурданд ва бегоҳии 14-уми сентябр пас аз ҷарроҳӣ даргузашт”.

Тоҳир Азиззода моҳи январи соли 2020 бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйин гардида буд. Ӯ қабл аз раис шудан ба муддати 4 сол дар вазифаи муовини аввали раиси ноҳияи Мастчоҳ кор карда буд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.