Ӯ ҳамчунин муроҷиату дархостҳои ҳамватанонеро, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд ва барои ҳимоят аз мардуми Бадахшон суҳбатҳо мекунанд, “иғвоангез ва муғризона” хонд.
Аммо ин дарҳолест, ки мардуми ВМКБ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро як раҳбари мардумии дорои обрӯву эътибор дар ҷомеа ва бо хислатҳои неки инсонӣ мешиносанд.
Маҳмадбоқиров дар гузашта дар Кумитаи марзбонии ВМКБ фаъолият намуда, то рутбаи сарҳанг (полковник) расида буд. Ба гуфтаи як сокинони ВМКБ, Маҳмадбоқир баъд аз оне, ки хилофкориҳои худи мақомотро ошкор кардан хост, аз мақомаш барканораш карданд ва вақтҳои охир барои дастгир карданаш ӯро ба шакли як ҷинояткор муаррифӣ доранд.