Рамзӣ Вазирбеков аз эҳтимоли дуздида шуданаш хабар дод
Рамзӣ Вазирбеков фаъоли ВМКБ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Рамзесс Шогунов шинохта мешавад, аз эҳтимоли дуздида шуданаш дар қаламрави Федератсияи Русия хабар дод. Рамзӣ Вазирбеков дар саҳфаи фейсбукиаш навиштааст, ки ӯ аз соли 2016 шаҳрванди Федератсияи Русия аст ва аз он замон то ҳол ягон ҷиноят содир накардааст. Вазирбеков, ки зодаи ноҳияи Мурғоб аст […]
Кормандони AZDA TV· 03.03.2022
Рамзӣ Вазирбеков фаъоли ВМКБ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Рамзесс Шогунов шинохта мешавад, аз эҳтимоли дуздида шуданаш дар қаламрави Федератсияи Русия хабар дод.
Рамзӣ Вазирбеков дар саҳфаи фейсбукиаш навиштааст, ки ӯ аз соли 2016 шаҳрванди Федератсияи Русия аст ва аз он замон то ҳол ягон ҷиноят содир накардааст.
Қаблан фаъолони дигари ВМКБ дар Маскав Ораз Вазирбеков ва Аслишо Вазиров низ дар бораи эҳтимоди дуздида ё кушта шуданашон аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд.
Дар моҳи январи соли ҷорӣ як фаъоли дигар ва раҳбари ҷавонони мардуми Бадахшон Амриддин Аловатшоев аз қаламрави Русия рабуда шуд. Пас аз як моҳ мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ӯ дар Душанбе аст ва бо хоҳиши худ ба кишвар омадааст. Аммо фаъолон ва коршиносон бар ин боваранд, ки Аловатшоевро мақомоти тоҷик дуздида ба Душанбе бурдаанд.