Гуфта мешавад, ин фабрикаи нонпазӣ аз ҷониби Созмони ҷаҳонии ғизои СММ бо мақсади таъмини хӯроки 90 ҳазор донишомӯзи синфҳои ибтидоии 270 мактаб дар вилояти Суғд сохта шудааст.
Реклама / Advertisement
Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони Созмони ҷаҳонии ғизо ва консулгарии Русия дар вилояти Суғд, инчунин масъулони вилояти Суғд ва шаҳри Исфара иштирок карданд.
“Ба дастгирии молии Федератсияи Русия ва дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи иҷтимоию саноатии хӯроки умумии Русия мо метавонем сохтмон ва азнавсозии фабрикаи нонпазиро анҷом диҳем. Технологияи пешрафта ва таҷҳизоти нав маънои онро дорад, ки нонро акнун метавон зудтар, арзонтар ва бо сифати беҳтар пухт. Ин сармоягузориҳо на танҳо ба саломатӣ ва рушди кӯдакон мусоидат мекунанд, балки барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоранд.”, – мегӯяд намояндаи СҶҒ Хюн Ҷи (Анги) Ли.
Ба қавли намояндагони СҶҒ дар саросари Тоҷикистон дар маҷмуъ ҳашт фабрикаи нонпазӣ бо ташаббуси ин созмон сохта ва ё таъмиру навсозӣ шуда, ки хӯроки 114 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз 340 мактаб аз онҳо таъмин мешавад.
Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ аз соли 1999 бо Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар намудани системаи миллии таъом додани мактаббачагон ҳамкорӣ мекунад.