Вай дар бораи ин ки сарони давлатҳои ИДМ аз зодрӯзи Владимир Путин хабардоранд, гуфта буд, “албатта, ба ҳар ҳол, ҳама беш аз як сол ва ҳатто зиёда аз даҳ сол якдигарро мешиносанд, аз ин рӯ, онҳо эҳтимол зодрӯзи Путинро “сирф инсонӣ” табрик хоҳанд гуфт.
Гуфта мешавад, дар ин се рӯзи ахир сарони Тоҷикистону Русия, ки зодрӯзҳояшон яке пайи дигар буд, дасти кам панҷ маротиба ба сурати катбӣ ва телефонӣ якдигарро шодбошу табрик карда буданд.
Ҷолиб он ки субҳи имрӯз соати 07:30 Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербург рафт, Путинро ҳамонҷо мулоқот мекунад ва ҳатман ӯро ба зодрӯзаш ҳам табрик мекунад.
Аммо чун дилашон қарор нигирифт, 90 дақиқа пас аз он дар соати 09:00, яъне вақте ҳавопаймо дар ҳаво қариб нисфи роҳро тай карда буд, аз нав котиботи Эмомалӣ Раҳмон аз ирсоли “Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин” иттилоъ доданд.
Инчунин Владимир Путин як рӯз пеш аз Эмомалӣ Раҳмон ӯро бо нишони “Барои хидмат дар назди Ватан“ дараҷаи III-и Русия расман қадрдонӣ карда буд, аммо акунун маълум нест, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун туҳфаи гаронбаҳо ба ин муносибат аз Тоҷикистон ба Путин чӣ бурдааст?