Рӯзи якшанбе, 15-уми январи соли ҷорӣ раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон бо вазири умури исломи, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ мулоқот кард.

Рӯзи якшанбе, 15-уми январи соли ҷорӣ раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон бо вазири умури исломи, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ мулоқот кард. Тавре сомонаи Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар ин дидор вазъияти мусалмонон дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили динӣ ва пешгирӣ аз ифротгароиро баррасӣ карданд. Дар […]
Рӯзи якшанбе, 15-уми январи соли ҷорӣ раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон бо вазири умури исломи, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ мулоқот кард.

Ситоиши раиси Кумитаи дини Тоҷикистон аз сиёсати диндории Саудӣ дар ҳолест, ки солҳост ҳар тоҷикистоние (ба ҷуз худи Давлатзода, ки худ таҳсилкардаи ин кишвар аст), дар ин кишвар таҳсил кардаанд, бо ҷурми салафӣгарӣ дар таъқиб қарор дода ва ҳатто зиндонӣ ҳам кардааст. Ва ҳатто маҷбуран донишҷӯни тоҷики ин кишаврро ба Тоҷикистон баргардонидаанд. Худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам борҳо дар мулоқотҳояш бо шарҳвандон аз таҳсили донишҷӯёни тҷик дар донишгоҳҳои давлатии Саудӣ ибрози нигаронӣ карда буд.
Гуфта мешавад, дар ин дидор ҳайати Тоҷикистон хостори имзои ёддошти тафоҳум дар масоили диниро кардаанд, вале дар охири нишаст ҳеч санаде байни тарафҳо ба имзо нарасидааст.
То омода шудани ин хабар расонаҳои давлатии Тоҷикистон (сомонаи Кумитаи дин, Вазорати хориҷа ва ғайра) дар мавриди ин мулоқот хабаре нашр накардаанд.