Бархе расонаҳои Эрону Афғонистон бо нашри чанд навори видеоӣ гуфтаанд, ки “Лашкари 88-и зиреҳӣ”-и Эрон дар марзи Афғонистон сафороӣ кардааст.

Инчунин рӯзномаи “Интихоб” дар истинод ба Саид Хатибзода, Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфта буд, ки марзбонони эронӣ масъулият доранд, ки аз ҳар гуна тараддуди ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ кунанд ва афзуда буд, “умедворем хештандории мо дар марзи Афғонистон боиси сӯи бардошти тарафи муқобил нашуда бошад.” Пеш аз ин бархе расонаҳои Афғонистон иттилоъ дода буданд, ки қарор аст Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати муҳоҷирати Толибон дар раъси як ҳайъат ба Эрон сафар кунад, то дар мавриди чолишҳои марбути паноҳҷӯёни афғонистонӣ ва танишҳои ба вуҷудомада дар яке аз минтақаҳои марзӣ бо мақомоти эронӣ гуфтугӯ кунад.