УМУМӢ
Қирғизҳо хонандаҳои тоҷикро сангборон карданд
Сокинони Қирғизистон донишомӯзони мактаби рақами 64-и шаҳри Исфараро сангборон карда, дар натиҷа вазъи саломатии ду донишомӯз дар бемористон вазнин арзёбӣ мешавад. Акс аз Азия Плюс Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ ба “Спутник” гуфтааст: “Ҳодиса соатҳои 11-и 23-уми сентябр рух додааст. Хонандаҳои мактаби рақами 64, вақти рафтан ба хонаҳояш мавриди сангзании қирғизҳо қарор гирифтаанд.” Ба гуфтаи […]
Сокинони Қирғизистон донишомӯзони мактаби рақами 64-и шаҳри Исфараро сангборон карда, дар натиҷа вазъи саломатии ду донишомӯз дар бемористон вазнин арзёбӣ мешавад.
Акс аз Азия Плюс
Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ ба “Спутник” гуфтааст:
“Ҳодиса соатҳои 11-и 23-уми сентябр рух додааст. Хонандаҳои мактаби рақами 64, вақти рафтан ба хонаҳояш мавриди сангзании қирғизҳо қарор гирифтаанд.”
Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳодиса ҳамчунин Ҷӯрабой ном сокини 31-солаи деҳаи Сомониён ва як тифли дигар ҳам ҷароҳат бардоштанд.
Ин ҳодисаи сангборон кардани хонандагони мактаби рақами 64-и дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара рух дода, дар натиҷа дасти кам 4 нафар: ду хонандаи мактаб, як тифл ва як сокини 31-сола ҳам захмӣ шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамтоёни худро дар раисони Ботканду Оқсӯи Қирғизистонро аз ин ҳодиса огоҳ карда, қазияро дар якҷоягӣ мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор хоҳанд дод.