Ҳамчунин Сандуқи байналмилалии пул барои ёрӣ ба кишварҳои фақиртарини дунё, «Хазинаи боварӣ ва пешгирӣ аз фалокат»-ро таъсис додааст, ки Тоҷикистон низ дар баробари Афғонистону Яман ва кишварҳои африқоӣ аз он баҳра хоҳад бурд.
Рӯзи 5 октябр Шӯрои мудирони СБП дар як тасмими худ гуфта буд, кумакҳо ба кишварҳои фақир аз ин хазина барои ним соли дигар тамдид карда мешавад. Моҳи майи соли равон СБП ба Тоҷикистон 189,5 миллион доллар қарзи боимтиёз дода буд.
Реклама / Advertisement
Ҳамчунин дар назар аст, Сандуқи байналмилалии пул аз «Хазинаи боварӣ ва пешгирӣ аз фалокат» ба Тоҷикистон грант ва ё кумаки бебозгашт ҷудо кунад, то ҳоло маълум нест ба Тоҷикистон чӣ қадар пул медиҳад.
Замони ҷудо кардани 189,5 миллион доллар қарзи боимтиёз СБП гуфта буд, Тоҷикистон бояд дар бораи харҷи ин маблағ ҳар се моҳ гузориш диҳад ва матни он манзури омма шавад. Аз замони ҷудо шудани қарз се моҳ гузашт, вале Тоҷикистон аз чигунагии харҷи он ҳисобот надодааст. СБП навиштааст, Тоҷикистон барои ҳисобот додан ҳам кумаки фаннӣ ё техникӣ дархост кардааст.
Ба гуфтаи иқтисоддони СБП камомади буҷаи Тоҷикистон имсол афзоиш ёфта, то охири сол метавонад, аз 350 то ба 500 миллион доллар расад. Ба ибораи дигар, ба буҷаи соли 2020 ва пардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон аз 350 то 500 миллион доллар нахоҳад расид.