Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми июли соли 2024 дар ҷаласаи Ҳукумат дар мавриди рушди иқтисоди кишвар гуфт.
Ба қавли манбаъ, дар ин ҷаласа ба сурати расмӣ рашҳ дода шуд, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2024 суръати рушди иқтисодии кишвар 8,2 дарсад буда, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 61,7 млрд сомонӣ баробар шудааст.
Инчунин дар хусуси манбаъҳои даромад гуфта шуд, ки “рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11,5, кишоварзӣ 9,6, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7, гардиши савдо 11,9, хизматрасонии пулакӣ 16,6, боркашонӣ 13,8, мусофиркашонӣ 9 ва гардиши савдои хориҷӣ 29,3” дарсадро ташкил кардааст.