Кирилл Кабанов, узви Шӯрои ҳуқуқи инсони назди Президенти Русия пешниҳод карда, ки барои зодагони Осиёи Марказӣ, ки то даҳ соли пеш шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, хидмати ҳарбиро ҳатмӣ кунанд. Тибқи ин пешниҳод агар шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон аз хидмат дар артиши Русия саркашӣ кунанд, худашон ва пайвандонашон аз шаҳрвандӣ маҳрум карда мешаванд. Узви Шӯрои […]
Кормандони AZDA TV· 23.09.2022
Кирилл Кабанов, узви Шӯрои ҳуқуқи инсони назди Президенти Русия пешниҳод карда, ки барои зодагони Осиёи Марказӣ, ки то даҳ соли пеш шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, хидмати ҳарбиро ҳатмӣ кунанд.
Тибқи ин пешниҳод агар шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон аз хидмат дар артиши Русия саркашӣ кунанд, худашон ва пайвандонашон аз шаҳрвандӣ маҳрум карда мешаванд.
Узви Шӯрои ҳуқуқи инсони назди Президенти Русия мегӯяд, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба адои як соли хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҷалб карда шаванд.
Дар сурати сарпечӣ аз рафтан ба ҷанг, онҳоро аз 10 то 15-соли зиндон таҳдид мекунад ва инчунин дар сурати фирор аз ҷанг мақомоти Русия таҳдид кардаанд, ки зану фарзандон ва волидайнашонро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ хоҳанд кашид.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Azda tv, баъд аз дастури Путин барои басиҷкунии 300 ҳазор нерӯи захиравӣ, қонунҳои низомӣ як шаба дар Русия тағйир кардааст, барои мисол пештар шаҳрвандоне, ки 2 фарзанд доштанд ва ҳамсарашон ҳомилаи 5 моҳа мебуд аз рафтан ба артиш озод буданд ва ҳоло дар як шаб ин қонунро тағйир дода, шарти нарафтан ба ҷангро 3 фарзанд ва бордор будани 4-ум фарзанд муайян кардаанд.
Муҳоҷирон таъкид мекунанд, ҳамзамон ҳеҷ маҳдудияте дар ин басиҷкунӣ вуҷуд надорад, ҳам падарро бо писар ба ҷанг бурда истодаанд ва ҳам аз як оила ду бародарро бо ҳам.
Инчунин ваъдаи мақомот дар мавриди ин ки касоне, ки ба ҷанг фиристода мешаванд, ҷои корашон ҳифз мешавад, низ иҷро намешавад ва корфармоҳо коргаронеро, ки ба ҷанг мераванд, бо омадани даъватнома аз кор ихроҷ мекунанд.
Azda tv аз тоҷикистониёни муқими Русия эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки аз раванди басиҷкунии мақомоти ин кишвар ҳар муълумоте ва ё аксу наворе доранд, барои нашр кардан ба унвонии мо бифиристанд.