“Ва яқинан Мо насли Одамро (бо додани ақл ва дигар лутфу эҳсонҳои Хеш) гиромӣ сохтем ва онҳоро бар бештари он чи офаридаем, бартарии бузург бахшидем. (тафсири ояти 70, сураи Исро).
Чуноне мебинем, ҳам дар қонуни ватанӣ ва ҳам дар қонуни илоҳӣ инсон соҳибихтиёр буда, мақоми хосеро соҳиб мебошад ва ин каромате, ки Офаридгор ба инсон ато намудааст, бояд аз тарафи ҳар нафар ҳифз карда шавад, то золиме ин неъмати боарзишро ба нестӣ нарасонад. Мутасифона, ин каромату шарофати мардум аз таҷовузҳои Раҳмонов қариб, ки ба нобудӣ расида аст.
”Инсон озод офарида шудааст, аммо ҳамеша дар занҷире гирифтор аст, ки худаш онро бофтааст”. (Ж.Ж.Руссо). Аз ин ҷо бармеояд, ки инсон ба ҳар он мушкилие афтодааст, аз ҳосили дасти хеш буда ва берун шудан аз он ҳам ба худи ӯ вобастагӣ дорад ва кофист ҳақашро донад ва аз худ дифоъ кунад ва аз чораҳои мавҷуда истифода намуда, то дар ҳали мушкилоташ ноумед нашуда, муборизаро давом диҳад.
Пешвои чоплусон бошад, мардуми осоиштаи бетаҷрибаро бо лофи “ватандорӣ ва ҳифзи Ватан” ба ҷанг пеш намуда, ба куштан медиҳад ва баъд аз маргашон одитарин вазифаи инсониро, ки таслият мебошад, ба забон наоварда, марги кӯдакон ва модарону ҷавонмардони Ватанро бо хандаи таҳқиромези Ятимови хоин чунин хулосагирӣ менамояд: ”маргу ғам ва дарди шумо ватандорон, хурсандии ману оилаи ман ва вазирони чоплуси ман аст”.
Ҳамватани гиромӣ, эҳсоси иззат кардани қирғизҳо аз ҷасорату амалкардаҳояшон мебошад. Онҳо дар сӣ сол президенҳои нолоиқашонро пайи ҳам иваз карда, қадру озодиашонро ҳифз намуданд ва имрӯз ин эҳтиромро аз тарафи ҳокимонашон ба даст оварданд, яъне бо роҳи мубориза ҳаққашонро талаб карда, золимонро сабукдӯш кардаанд.
Мутасифона, мо ба сафсатаи ин золим, ки мудом “солҳои ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накунед ва шукронаи тинҷӣ намоед” мегӯяд, бовар карда, ҳам аз нон мондаем ва ҳам аз ҷон ва қариб аст, ки каромати худодадаро ҳам аз даст диҳем. Ҳоло ҳам дер нашудааст, то пеши ин золим гирифта шавад ва Миллату Ватани азиз ба иззату шаҳомате, ки ба он шоиста аст, бирасад.