Як корбари шабакаи Фейсбук бо номи Муҳаммад Собиров рӯзи 22 ноябр барои муқоисаи хизматрасонии ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ва “Узбекистон ҳаво юлари”-и Узбекистон аксу навореро аз хӯроки тақсимкардаи дохили ҳавопаймо нашр кардааст, ки дида мешавад хӯроке, ки ширкати узбекистонӣ ба мусофирон тақдим мекунад аз хӯроки тақдим намудаи ширкати тоҷикистонӣ ба маротиб беҳтару бештар аст. Ин […]
Кормандони AZDA TV· 23.11.2020
Як корбари шабакаи Фейсбук бо номи Муҳаммад Собиров рӯзи 22 ноябр барои муқоисаи хизматрасонии ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ва “Узбекистон ҳаво юлари”-и Узбекистон аксу навореро аз хӯроки тақсимкардаи дохили ҳавопаймо нашр кардааст, ки дида мешавад хӯроке, ки ширкати узбекистонӣ ба мусофирон тақдим мекунад аз хӯроки тақдим намудаи ширкати тоҷикистонӣ ба маротиб беҳтару бештар аст.
Ин корбари Фейсбук мегӯяд, чиптаи Москва-Душанбе аз ширкати “Сомон Эйр” 38200 рубл нарх дорад. Нархи чиптаи Москва – Самарқанд аз ширкати “Узбекистон ҳаво юлари” 21-22 ҳазор рубл нарх дорад.
Ба ғайр аз нархи чиптаҳо, ки хеле аз ҳам фарқ мекунанд, хӯроке ки дар дохили ҳавопаймоҳо пешкаш мегардад низ фарқкунанда аст. Ширкати “Сомон Эйр” бо вуҷуди доштани нархи гарони чипта хӯроке, ки ба мусофиронаш медиҳад аз як нону буридаи панир ва ҳасибу бодиринг иборат аст.