Интернет -портали расмии маълумоти ҳуқуқӣ қарори сарвазири Русия Михаил Мишустинро нашр кардааст, ки дар он ҳиссаи иҷозашудаи коргарони хориҷӣ дар фаъолиятҳои ҷудогонаи иқтисодӣ барои соли 2021 дар Русия дарҷ ёфтааст. Дар ин қарор ҳиссаи қувваи кирояи хориҷӣ барои як қатор навъҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки дар он асосан муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият мекунанд, муайян карда шудааст. […]
Кормандони AZDA TV· 18.11.2020
Интернет -портали расмии маълумоти ҳуқуқӣ қарори сарвазири Русия Михаил Мишустинро нашр кардааст, ки дар он ҳиссаи иҷозашудаи коргарони хориҷӣ дар фаъолиятҳои ҷудогонаи иқтисодӣ барои соли 2021 дар Русия дарҷ ёфтааст.
Дар ин қарор ҳиссаи қувваи кирояи хориҷӣ барои як қатор навъҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки дар он асосан муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият мекунанд, муайян карда шудааст.
Дар санад зикр гардидааст, ки дар соли 2021, 50% ҳиссаи иҷозашудаи кормандони хориҷӣ дар соҳаҳои парвариши сабзавот ва истеҳсоли мебел, инчунин ҷангалпарварӣ ва коркарди чӯбу тахта, – 24% дар соҳаи нақлиёти боркаши мусофирбари заминӣ ва автомобилӣ аз шумори умумии кормандонро дар бар мегирад.
Реклама / Advertisement
Тибқи ин қарор шумораи ҷойҳои ҷудогардида соҳаи сохтмон 80% гуфта шудааст, ки чунин ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирон дар Бурятия, Доғистон, вилояти Амур ва Маскав пешниҳод намешавад. Барои Доғистон он дар сатҳи 50% муайян шудааст.
Дар мағозаҳои махсуси савдои чаканаи машрубот бо шумули оби ҷав (пиво) ва маснуоти тамоку ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар сатҳи 15% аз шумори умумии коргарон муқаррар гардидааст.