Сафорати Туркия дар Тоҷикистон бо нашри чанд аксе дар твиттер аз ҷомеаи дар Тоҷикистон барои ҳамбастагӣ ва ҷамъоварии кумакҳои мардумӣ барои зилзилазадагони Туркия изҳори ташакурӣ кардааст.

Дар пайи рухдодани заминларза дар Туркия ва Сурия,
Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 6-феврали соли ҷорӣ заминларзаи ба бузургии 7.5 ва 7.8 тибқи ҷадвали Рихтер манотиқи марзии Сурия ва Туркияро ларзонд ва дар натиҷаи ин заминларзаи шадид, беш аз 10 шаҳри калон дар Туркия ва Сурия хароб шуда, хонаҳо, роҳҳо, масоҷиду мактабҳо вайрон гаштанд ва афроди зиёде зери оворҳои биноҳои харобгашта мондаанд. То замони таҳияи ин хабар омори кушташудагони заминларза дар Трукия ва Сурия дастикам ба 11 ҳазор нафар расидааст.