УМУМӢ

Суқути ҳавопаймои Boeing бо 132 мусофир дар Чин

Рӯзи душанбе мақомоти маҳаллии Чин аз суқуқти як ҳавопаймои мусофирбари Boeing 737 дар ҷанубу ғарбии ин кишвар хабар доданд. Гуфта мешавад, ҳавопаймои Boeing 737-и марбути ширкати “China Eastern Airlines” буда, ҳангоми парвоз дар хатсайри Кунминг-Гуангжоу дар шаҳри Вучжоу суқут кард. Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймо аз фурурдгоҳи Гунминг парвоз карда буд ва дар он 123 мусофир […]

Рӯзи душанбе мақомоти маҳаллии Чин аз суқуқти як ҳавопаймои мусофирбари Boeing 737 дар ҷанубу ғарбии ин кишвар хабар доданд.

Гуфта мешавад, ҳавопаймои Boeing 737-и марбути ширкати “China Eastern Airlines” буда, ҳангоми парвоз дар хатсайри Кунминг-Гуангжоу дар шаҳри Вучжоу суқут кард.

Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймо аз фурурдгоҳи Гунминг парвоз карда буд ва дар он 123 мусофир ва 9 узви хадамаи парвоз буданд. Ба чои ходиса гурухи кории Хадамоти шаҳрвандии ҳавонавардии фиристода шуданд.

Ба гузориши рӯзномаи Global Times, 25 мошини оташнишонӣ ва 117 наҷотдиҳанда ба макони суқути ҳавопаймо фиристода шудааст.

Навореҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин ҳодиса пайдо шуда, ки дида мешавад, бар асари суқути ҳавопаймо сӯхтори азиме гирду атрофро фаро гирифта, ки кори наҷотдиҳандагонро амалан мушкил кардааст.

То ҳол сабаби суқути ҳамвопаймо маълум нест, аммо пас аз ин ҳодиса Сӣ Чин Пин, Раисҷумҳури Чин аз мақомоти кишвараш хост ҳарчи сераеъ иллати ин ҳодиса таҳқиқ шавад.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.