Ҷонибдорони тоҷикистонии болшевикҳои Русия дар иқдомоти ҷадиди худ алайҳи ду донишманди кишвар аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ки онҳоро ба қатл маҳкум кунад.
Кормандони AZDA TV· 08.03.2024
Ҷонибдорони тоҷикистонии болшевикҳои Русия дар иқдомоти ҷадиди худ алайҳи ду донишманди кишвар аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ки онҳоро ба қатл маҳкум кунад.
Имрӯз, 8-уми марти соли 2024, Адаш Истад, донишманд ва адиби шинохтаи тоҷики муқими Самарқанди Узбекистон дар саҳфаи фейсбукии худ хабар дод, ки аз сӯи ҷонибдорони болшевикҳо мавриди таҳдид қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи ин донишманди кишвар: “Бозмондаҳои болшевикӣ он қадар зиёд, ки Президенти Тоҷикистонро болшевик ҳисобида парронда куштани Сайфулло Муллоҷон ва Адаш Истадро талаб карданд! Як бор чунин таҳдид аз ҷониби пантуркисти самарқандӣ шуда буд.”
Реклама / Advertisement
Дар посух ба ин таҳдид, Салими Айюбзод, мудири кулли бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳам ин масъаларо ҷиддӣ қабул карда гуфтааст: “Инҳо аз ҳамон таборе ҳастанд, ки худ ишора кардед. Аммо одат накунед ва кам ҳам нагиред. Тавонистанд, Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзодаро зиндонӣ кунанд. Онҳо метавонанд. Вақте дар баробари далелҳои қатъӣ лол мемонанд, ба душному таҳқир мегузаранд ва агар он ҳам қонеъашон накард, роҳи зиён расонданро меҷӯянд. Ин дар хунашон аст…”
Масъала ва ё баҳси “босмачиҳо” дар байни донишмандони тоҷикистонӣ як баҳси нав нест, балки ин баҳс каму беш сад сол ин ҷониб идома дорад. Ба гуфтаи бархе муаррихон, ин баҳс аз он ҷо оғоз мешавад, ки вақте болшевикҳои рус ба Осиёи Марказӣ ҳамла карда, ба водии Фарғона расиданд, артиши сурх дар ду шабонарӯз аз 5 то 8 ҳазор сокинони маҳаллиро қатли ом ва занонро таҷовуз карданд. Ин кори онҳо сабаб шуд, то иддае аз мардуми минтақа ва атрофи он ба хотири ҳифзи нангу номӯс ва занону духтарони худ алайҳи онҳо қиём карданд.
Дар байни касоне, ки алайҳи болешвизм қиём карданд, намояндаҳои қариб тамоми қавмҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, узбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва ҳатто туркманҳо низ ҳузур доштанд. Аммо дар чанд соли ахир ба ҷуз Тоҷикистон, тамоми кишварҳои минтақа ва бахусус Қазоқистону Узбекистон ва Қирғизистону Туркманистон иддае аз онҳоро сафед карда, қаҳрамон ва ё нерӯҳои муқовимат дар замони худ эълон карданд.
Ин баҳсҳои ахир, ки ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле тезу тунд байни ҷонибдорони болшевикҳо ва мухолифони тоҷикистонии он идома дорад, аз як барномаи “Китобхон“, ки тавассути журналист Далер Шарифов роҳандозӣ шудааст, оғоз шуд. Дар он барнома, Далер Шарифов аз мусоҳиби худ таърихдони шинохтаи кишвар ва устоди донишгоҳ Сайфулло Муллоҷонов дар ин бора пурсид ва ӯ ҳам бидуни он ки мустақим посух диҳад, беш аз 10 далелро зикр кард ва гуфт, бинанда ва шунаванда худаш қазоват кунад, ки онҳо кистанд?