Бинобар иттилои расмӣ, дар минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тақрибан 250–300 зану кӯдаки тоҷик боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи мақомот, пас аз ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Сурия раванди бозгардонидани онҳо қатъ шудааст.
Суҳайлӣ Қодирӣ, намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, мегӯяд, Тоҷикистон то имрӯз дар чор марҳила 382 зану кӯдакро ба Ватан баргардонидааст. Илова бар ин, 90 нафар худашон ба кишвар бозгаштаанд.
Ба иттилои ӯ, дар маҷмуъ тақрибан 800 зану кӯдаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ қарор доштанд. Қисме аз онҳо баргардонида шуда, қисми дигар аз бозгашт худдорӣ кардаанд. Ба гуфтаи Қодирӣ, заноҳи боқимонда аз боздошту зиндонӣ шудан нигаронанд, дар ҳоле ки мақомот таъкид мекунанд, ҳамаи баргардонидашудагон бахшида шудаанд.