Дар ин бора “Ройтерз” ба нақл аз Вазорати иттилооти ин кишвар хабар дод, ки дар инқилобе, ки Судон сурат гирифт, ба тамоми маъно “кӯшиши табаддулоти давлитӣ аз ҷониби артиш аст”.
Вазорат ба ин расона гуфта, ки “Мо аз тамоми мардум талаб мекунем, ки барои пешгирӣ аз табаддулоти давлатӣ, ки аз ҷониби низомиён сурат мегирад, ба кӯчаҳо бароянд ва то суқути кӯшиши табаддулоти давлатӣ хиёбонҳоро тарк накунанд”.
Реклама / Advertisement
Ҳамчунин ин вазорат дар як изҳороти дигар хабар дод, ки нерӯҳои артиш ба маркази радио ва телевизион ҳамла карда, шуморе аз кормандони онро муҳосира карданд.
Ба гузориши “Ал-Ҷазира“, дар пайи ин табаддулот, сарвазири Судон Абдуллоҳ Ҳамдук боздошт ва ба макони номаълум бурда шудааст. Ва инчунин шуморе аз мақомдорони ҳукумати Судон боздошт шудаанд.