Инчунин дар гузориш омадааст, ки рӯзноманигорону блогнависон барои гузориш додан дар бораи ҳодисаҳои ВМКБ ва интиқод аз Ҳукумат таъқиб ва равонаи зиндон шудаанд.
HRW аз рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева (ба 21 сол зиндон маҳкум шуд), 13 узви “Комиссияи 44”, ихроҷи Шодрӯз Аҳроров аз Русия (6 сол зиндонӣ шуд) ва аз нопадид шудани иҷбории камаш 7 фаъол аз ноябри соли 2021 то августи соли 2022 ёдовар шуда, бо такя ба пайвандони боздоштшудаҳо аз эҳтимоли шиканҷа шудани онҳо навиштаанд.
Ин созмони байналмилалӣ мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон хабарнигорон Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Эмомалиро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” аз ҳафт то даҳ сол зиндонӣ карданд. Чизе, ки худи онҳо ва пайвандонашон беасос медонанд.
Дар гузориш инчунин ба сензура (сонсур)-и шадиди расонаҳо ва таъқиби рӯзноманигорон ишора шуда, гуфта шудааст, ки “Чаҳор рӯзноманигори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настоящее время” пас аз мусоҳиба бо Улфатхоним Мамадшоева мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Шахсони номаълум дурбин ва телефонҳояшонро рабуданд, латукӯб ва таҳдид ба марг карданд”.
Дидбони Ҳуқуқи Башар ба ҳушдори Додситонии кул ба расонаҳо дар мавриди бозтоб надодани рӯйдодҳои ВМКБ ишора шудааст, ки дар пайи он хабаргузории “Азия-Плюс” аз нашри хабар дар бораи воқеаҳои Бадахшон даст кашид.
Ғайр аз ин, дар гузориши HRW дар бораи маҳдудияти фаъолияти хабарнигорони Радиои Озодӣ ба далели додани эътиборномаҳои кӯтоҳмуддат ва фишор ба кормандони шабакаи “Азда тв” ва маҳдудияти сафар барои пайвандони онҳо дар Тоҷикистон низ зикр шудааст.
“Рӯзноманигорони шабакаи мустақили муҳоҷири Azda TV аз идомаи фишори амнияти давлатӣ ба пайвандонашон, ки дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд, аз ҷумла бо таҳдиди таъқиби ҷиноӣ ва маҳдудияти сафари озод аз кишвар хабар доданд”,- омадааст дар гузориши HRW.
Дар гузориши ин созмон аз зиндониёни сиёсӣ низ ном гирифта шуда, гуфта мешавад, ки даҳҳо раҳбар ва аъзои қатории аҳзоби мухолиф, аз ҷумла ҲНИТ, ки бо иттиҳоми ангезаи сиёсӣ дошта, ба муҳлатҳои тӯлонӣ ва ё ҳабси абад маҳкум шуда буданд, бо вуҷуди даъватҳои байналмилалӣ барои раҳоии онҳо, боз ҳам паси панҷара боқӣ мемонанд.