Русия барои ворид шудани 50 ҳазор муҳоҷири корӣ дар бахши тарабхонаҳо ба Тоҷикистон ва Узбекистон дархост дода аст. Ба мақомоти Русия аз тарафи соҳибкорон ба хусус соҳибони тарабхонаҳо дархост шуда, ки барои гирифтани иҷозатномаи кор дар Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва пардохти таъминоти муҳоҷирон иҷозат дода шавад. Виталий Корнев, президенти Ассотсиатсияи корхонаҳои истеҳсолӣ ва […]
Кормандони AZDA TV· 31.08.2021
Русия барои ворид шудани 50 ҳазор муҳоҷири корӣ дар бахши тарабхонаҳо ба Тоҷикистон ва Узбекистон дархост дода аст.
Ба мақомоти Русия аз тарафи соҳибкорон ба хусус соҳибони тарабхонаҳо дархост шуда, ки барои гирифтани иҷозатномаи кор дар Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва пардохти таъминоти муҳоҷирон иҷозат дода шавад.
Виталий Корнев, президенти Ассотсиатсияи корхонаҳои истеҳсолӣ ва савдои бозори моҳӣ (АПТПРР), асосгузори силсиламағозаҳо ва қаҳвахонаҳои “Moremania” ба сарвазир Михаил мишустин номае бо чунин унвон навиштааст.
Реклама / Advertisement
Бино ба иттилои рӯзномаи Коммерсантъ тарабхонадорон, ки як қисми коргарони муҳоҷири худро дар давраи пандемия аз даст додаанд, мекӯшанд мушкилоти нарасидани кадрҳоро ҳал кунанд. Дар нома омада, ки омодаанд бар ивази содда кардани тартибот ва барои гирифтани иҷозатномаи кор ба муҳоҷирон худашон молиёти кормандони муҳоҷирашонро бипардозанд.
Инчунин онҳо мехоҳанд, ҳаққи сабти иҷозатнома ва патенти кор барои бақайдгирии муҳоҷиронро худашон дошта бошанд. Аммо Сергей Абашин профессори Донишгоҳи Аврупо дар Санкт-Петербург чунин пешниҳодро дуруст намешуморад.
Ӯ бар ин назараст, ки агар ширкатҳо харҷи муҳоҷиронро барои гирифтани иҷозатномаи кор, патенти корӣ ва амсоли инро бар ӯҳдаи худ бигиранд хавфнок аст. Чун муҳоҷирон вобастаи корфармоён мешаванд ва ин боиси истисмори бештари меҳнати онҳо хоҳад гашт.