Тавваҷӯҳи густарда ба зиндониён ва зодагони ОМ. Оё басиҷи нав ба артиши Русия дар пеш аст?
Иттилоъоте, ки дастраси Паём мешаванд ва бархе хабару гузоришҳое, ки дар расонаҳо рӯзҳои ахир пайдо шудаанд, ин нигарониро ба бор меоваранд, ки мавҷи нави басиҷ ба артиши Русия дар пеш аст. Ва он на танҳо кулли ё ҳади ақал аксари зиндониёни зиндонҳои ин кишварро фаро хоҳад гирифт, балки ба зодагони Осиёи Миёна, ки душаҳрвандӣ ё […]
Кормандони AZDA TV· 07.02.2023
Иттилоъоте, ки дастраси Паём мешаванд ва бархе хабару гузоришҳое, ки дар расонаҳо рӯзҳои ахир пайдо шудаанд, ин нигарониро ба бор меоваранд, ки мавҷи нави басиҷ ба артиши Русия дар пеш аст. Ва он на танҳо кулли ё ҳади ақал аксари зиндониёни зиндонҳои ин кишварро фаро хоҳад гирифт, балки ба зодагони Осиёи Миёна, ки душаҳрвандӣ ё шаҳрвандии Русияро доранд низ хатари бурда шудан ба артиш ва истифодаи онҳо дар ҷанги алайҳи Укроин таҳдид мекунад.
Дар ду ҳафтаи охир Паём иттилоъи ҳадди ақал 4 мавриди манъи хурӯҷи зодагони Тоҷикистон аз Русияро ба даст овард. Ҳамаи онҳо ҳангоми кӯшиши хориҷ шудан аз Русия ба маҳдудиятҳо рӯбарӯ ва баргардонида шудаанд. Дар ҳамин ҳол, яке аз онҳо дорои 3 ва дигаре 4 кӯдаки ноболиғ аст, ки тибқи қавонини Русия набояд ба артиш ҷалб шаванд. Ба ҳамаи онҳо гуфтаанд, ки то 12 феврал ҳақи хориҷ шудан аз Русияро надоранд.
Дар ҳамин ҳол, чанд иттилоъи дигар дар бораи бидуни ҳеҷ мамониъате хориҷ шудани ин гуна афрод аз Русия ба дасти мо расидааст. Яъне манъи хурӯҷ саросарӣ нест ва нисбати ҳамаи шаҳрвнадони Русия ё афроди дорои душаҳрвандӣ ба кор гирифта намешавад.
Реклама / Advertisement
Аз тарафи дигар иттилоъоте дар бораи даъват шудани чанд зодаи Тоҷикистон ба пулис ва комиссариати ҳарбӣ “барои сӯҳбат” низ ба дасти мо расид. Баъди пурсуҷӯ ва гирифтани бархе маълумот, ба ҳамаи онҳо гуфта шудааст, ки набояд кӯшиши тарки Русияро кунанд. Ба ҳади ақал яке аз онҳо таҳдид шуда, ки дар сурати кӯшиши тарки хоки Русия ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.
Қаблан бархе мақомоти Русия гуфта буданд, ки бояд зодагони кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ба ҷанги Укроин ҷалб шаванд, то “назди ватани навашон адои вазифа намоянд”. Хадамоти амниятии Укроин низ бо истинода ба додаҳои ҷосусонаш хабар дода буд, ки дар басиҷи оянда, ки ба зудӣ шурӯъ хоҳад шуд бештар зодагони кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳатто муҳоҷирони корӣ ҷалб мегарданд.
Ин хадамоти укроинӣ ду рӯз қабл иттилоъ дод, ки 50 нафар аз занони зиндонӣ дар яке аз маҳбасҳои Донетск, ки соли гузашта аз тарафи Русия забт шуда буд, ба Русия барои тамрин ва ҷалб ба артиш ирсол шудаанд.
Олга Романова, раҳбари созмони ҳуқуқии “Рус сидяшая”, ки ба масоили зиндониён сарукор дорад, аз таҳаввулот ва тағйироти аҷиби бархӯрди мақомоти Русия бо зиндониён хабар медиҳад.
Ӯ чанд хабари дарёфтакардааш аз як зиндони вилояти Волгоградро расонаӣ кардааст. Аз ҷумла менависад “ба маҳкумшудагони шаҳрванди кишварҳои Осиёи Миёна рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозима ва варақаи ариза барои истирдоди ҳарчи зудтар ба ватанашон дода шудааст. Ҳар касе мехоҳад, метавонад дархости истирдод кунад”.