УМУМӢ

Теъдоди сокинони замин аз марзи 8 миллиард нафар гузашт

Теъдоди сокинони кураи замин аз марзи 8 миллаирд нафар гузашт ва ин афзоиши аҳолӣ бархе кишварҳоро хушҳол ва баъзеи дигарро нигарон кардааст. Бино ба иттилои сомонаи Countrymeters.info, ки ба шумориши аҳолии ҷаҳон ва масоили вобаста ба демография машғул аст, имрӯз, 15-уми ноябри соли 2022 хабар дод, ки теъдоди сокинони замин аз марзи 8 миллаирд нафар […]

Теъдоди сокинони кураи замин аз марзи 8 миллаирд нафар гузашт ва ин афзоиши аҳолӣ бархе кишварҳоро хушҳол ва баъзеи дигарро нигарон кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи Countrymeters.info, ки ба шумориши аҳолии ҷаҳон ва масоили вобаста ба демография машғул аст, имрӯз, 15-уми ноябри соли 2022 хабар дод, ки теъдоди сокинони замин аз марзи 8 миллаирд нафар убур кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар радабандии 5-гона кишварҳое, ки теъдоди аҳолии онҳо аз ҳама зиёдтар аст, нахуст Чин бо доштани 1,457,957,514 аҳолӣ, ки 18,15% сокинони заминро ташкил медиҳад, қарор дорад. Сипас Ҳиндустон бо 1,423,488,840 дорои 17,72% аҳолӣ, дар мақоми сеюм Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 4,20% аҳолӣ ва ҷои чорум Индонезия 3,51% ва дар охир Покистон ҷойгир аст, ки бо доштани зиёда аз 232,2 миллион нафар 2,89% аҳолии кураи заминро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, бар асоси ин омор дар ҳоли ҳозир нархи рӯзонаи марг дар дунё ҳудуди 100 ҳазор нафар, вале теъдоди навзодҳо дар дунё беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.  

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.