Темур Раҳимов аз Анталия бо медали биринҷӣ ба Ватан бармегардад
Темур Раҳимов варзишгари шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи ҷудои “Antalya Grand Slam 2022” дар вазни +100 кг сазовори медали биринҷӣ гашт. Темур Раҳимов, ки мусобиқаро аз даври дуюм шуруъ карда буд, дар ин давр бар Григорий Приор аз ИМА ва Магамедумар Магамедумаров аз АМА пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Венгрия Ричард Сипоз шикаст хӯрд. […]
Кормандони AZDA TV· 04.04.2022
Темур Раҳимов варзишгари шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи ҷудои “Antalya Grand Slam 2022” дар вазни +100 кг сазовори медали биринҷӣ гашт.
Темур Раҳимов, ки мусобиқаро аз даври дуюм шуруъ карда буд, дар ин давр бар Григорий Приор аз ИМА ва Магамедумар Магамедумаров аз АМА пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Венгрия Ричард Сипоз шикаст хӯрд.
Варзишгари тоҷик дар қувваозмоиҳои баъдӣ, Ушангӣ Кокаури аз Озорбойҷон ва Ҷозеф Терҳеки фаронсавиро шикаст дода, сазовори ҷои сеюм гашт.
Реклама / Advertisement
Варзишгари дигари тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг бар намояндагони Озарбойҷон (Руфат Исмоилов) ва Чехия (Давид Кламмерт) пирӯз шуда, дар чорякфинал аз Лука Маисурадзеи гурҷистонӣ мағлуб гардид. Комроншоҳ имкон дошт мисли Темур сазовори ҷои сеюм гардад, аммо дар қувваозмоии баъдӣ аз Луис Крибер Гагнон аз Канада шикаст хӯрд.
Мусобиқаи ҷудои “Antalya Grand Slam 2022” аз 1-ум то 3-юми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки 525 варзишгар (312 мард, 213 зан) аз 63 давлати дунё баргузор шуд.