“Муовини аввали вазорати хориҷаи Амрико бо лидери оппозитсияи Белорус Светлана Тихановская дидор дошт, то авзоъ дар ин кишвар ва низ зарфияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими демократия ва дифоъ аз ҳуқуқи инсонро баррасӣ кунад”.
Реклама / Advertisement
Муовини вазири хориҷии Амрико эҳтироми Амрико барои истиқлолият ва тамомияти арзии Белорус ва ҳуқуқи мустақили халқи мамлакат дар амри интихоби лидерони худ ва таъйини ояндаи худро таъкид кардааст,омадааст дар ин баёния. Вазорати хориҷаи Амрико афзудааст, Бигэн ҳамчунин бо вазирони хориҷӣ ва дифои Литва Линас Линкявичюс ва Раймундас Кароблис ва дигар мақомоти расмӣ мулоқот кардааст то ҳолат дар Белорус,роҳҳои муовимат ба таҳдидҳои Русия ва Чин ва низ пешрафти ҳуқуқи башар ва демократяро баррасӣ кунад. Қаблан хадамоти матбуоти вазорати хориҷаи Амрико хабар дода буд,ки Бигэн аз 24 то 27 ба Русия, Литваа ваУкраина сафари корӣ анҷом медиҳад.
Мулоқоти муовини вазири хориҷаи Амрико бо Светлана Тихановская,лидери оппозитсияи Белорус дар ҳоле мегузарад,ки Иттиҳоди Аврупо натоиҷи интихобот дар Белорусро напазируфт.Мухолифини Белорус рӯзи душанбе дар як тазоҳуроти даҳҳоҳазонафарӣ истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи такрорӣ дар ин кишварро талаб карда истодаанд.