Субҳи рӯзи 10-уми март дар минтақаи марзии ҷамоати Чоркӯҳи Исфара байни марзбонони тоҷик ва қирғиз тирпарронӣ рух дода, аз ҷониби Тоҷикистон як марзбон кушта ва як нафари дигар захмӣ шудааст.
Тавре расонаҳо хабар доданд, ин ҳодиса субҳи имрӯз тахминан соати 09:30 рух додааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман дар ин бора чизе нагуфтаанд, аммо Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, аз ҷониби онҳо касе кушта ва ё захмӣ нашудааст.
Радиои Озодӣ шарҳи ҳодисаро аз қавли манбааш дар мақомоти маҳаллии Исфара чунин навишт: “ҳодиса ҳангоми иваз шудани қисми навбатдории сарҳадбонони тоҷик рух додааст. Вақте ҳайати нави сарбозон меоянд, аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз луқмапартоӣ мешавад ва беогоҳӣ ба ҷониби мо тир холӣ мекунанд. Дар натиҷа сарбози мо дар ҷойи ҳодиса меафтад ва як деҳқон захм мебардорад.”
Реклама / Advertisement
Аммо “Sputnik Тоҷикистон” аз қавли Зикрулло Каримов, як сокини ҷамоати Чоркӯҳ навишт, ки ӯ мегӯяд, “субҳи 10 март сарҳадбонони қирғиз ба сӯйи чанд сокини деҳа, ки ба шинонидани ниҳол дар заминҳои худ машғул буданд, шиллик карданд.”