УМУМӢ
Тоҷикистон 2,8 млрд сомонӣ қарзҳояшро пардохт кардааст
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон 2 милларду ҳаштсад миллион доллар қарзҳояшро пардохт кардааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Вазорати молия вазир Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод. Вазири молия гуфт аз 2,8 миллиард сомонӣ маблағи қарзи пардохтшуда, беш аз 2,4 миллиарди он барои қарзи асосӣ ва 390,1 миллионаш барои фоизҳои қарз будаанд. “Ба ҳолати 1 […]
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон 2 милларду ҳаштсад миллион доллар қарзҳояшро пардохт кардааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Вазорати молия вазир Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод.
Вазири молия гуфт аз 2,8 миллиард сомонӣ маблағи қарзи пардохтшуда, беш аз 2,4 миллиарди он барои қарзи асосӣ ва 390,1 миллионаш барои фоизҳои қарз будаанд.
“Ба ҳолати 1 июли соли 2026 ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон 3,4 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ин ба 16 фоизи Маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад”- гуфт Қаҳҳорзода. Тибқи иттилоъи ӯ аз ин маблағ 2,9 млрд.аш қарзи хориҷӣ буда, қарзи дохили ба 490,4 млн доллар – муродифи 4,5 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Қаҳҳорзода гуфт идораи қарзи давлатӣ таҳти назорат ва дар сатҳи бехатар барои иқтисоди кишвар қарор дорад ва то ҳол ягон ҳолати ба таъхир андохтани қарз ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳоле, ки ҳудуди 300 миллион доллар қарзашро дар нимсолаи аввал пардохт кардаст, дар ҳамин муддат “17 созишномаи қарзиву грантӣ бо созмонҳои байналмиллалии молиявӣ барои татбиқи 14 лоиҳаи нави сармоягузорӣ, ки маблағи он 386,9 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ба имзо расиданд”.
Вазир ҳамчунин изҳор дошт дар нимсолаи аввали соли 2026 рушди овқеъии Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилии кишвар 8,2 дарсадро ташкил дода, ҳаҷми он ба 81,7 млрд сомонӣ расидааст.
Дар панҷ соли охир Маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва буҷаи Тоҷикистон ҷаҳиши чашмгире доштанд – афзоиши наздик ба дубаробарӣ. Оморҳо аз рушди чанд бахш – истихроҷи маъодин, саноат, кишоварзӣ ва сармоягузории хориҷӣ хабар медиҳанд. Аммо ба гуфтаи коршиносон дар асл ин афзоиш комилан ва ҳатто бо нисбати бештар ба рушди воқеъии иқтисод вобаста набуда, бештар ба афзоиши ирсоли пули муҳоҷирон, истихроҷи маъодин, аз ҷумла тилло ва қарзу грантҳо бастагӣ доранд.