Ин дар ҳолест, ки хабаргузории ИЛНО-и Эрон хабар дода, ки дирӯз нахустини нишасти Коммисия муштараки Эрон ва Тоҷикистон дар ду баст аз тариқи онлайн сурат гирифт ва дар баробари масоили дигари рӯзномаи корӣ ҳамкориҳои дар бахши “нафт, газ, барқ ва энержӣ” ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Ҳамзамон сафири Эрон дар Тоҷикистон дар сафҳаи твиттериаш гуфтааст: “Дар дидор бо Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси Шӯрои исломӣ дар хусуси густариши ҳамкориҳои ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаи парлумонӣ ва дигар заминаҳо табодули назар сурат гирифт ва бар омодагии Маҷлиси Шӯрои исломӣ барои тақвияти ҳамкориҳо таъкид кард.”
Дар замоне, ки Тоҷикистон нафтро аз Русия бо қимати гаронтар аз бозори нафти Эрон ворид мекунад ва як литр фаровардаҳои нафтӣ бо қимати зиёда аз 10 сомонӣ ба мардум фурӯхта мешавад, Тоҷикистон метавонад бо нархи арзонтар нафтро аз Эрон ворид кунад ва сарбории иҷтимоии мардумро камтар кунад.
Гуфтанист, Эрон зери таҳримҳои Амрико қарор дорад ва ҳар кас ҷуръат намекунад, ки аз ин кишвар нафт бихарад, аммо бархе ҳамсояҳои Эрон ва Чин бо баҳои камтар аз бозори ҷаҳонӣ аз Эрон нафт мехаранд. Эрон ҳам дар ин авохир бо назардошти буҳронҳои молии ҷаҳонӣ ва буҳронҳои молии пасокуруноӣ нафташро натанҳо бо пул, балки дар ивази молу колоҳое ҳам мефурӯшад.