Азиз Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик ва муқими пойтахт дар саҳфаи фейсбукии худ навиштааст, ки нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Душанбе ба 9 сомонӣ расидааст ва дар аксар Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) газ пайдо карда намешавад.
Ҳамзамон рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо нашри як акс аз нархномаҳои нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Бензойл” нишон додааст, ки нархи як литр газ 9 сомонӣ ва як литр бензини навъи 92 10 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Реклама / Advertisement
Ҳамзамон хабари гароншавӣ ва камчин шудани гази моеъ дар Тоҷикистонро Радиои Озодӣ низ пӯшиш дода, навиштааст, ки пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ дар баъзе аз гӯшаҳои кишвар низ мушкил шудааст.
Бо болоравии нархи газ ронандагон аз беамалии мақомот барои танзими нарх шикоят карда, мегӯянд, масъулин бояд чора андешанд.