Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, зимни муаррифии тағйирот дар парлумон гуфт, боби алоҳида барои ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони хориҷӣ равона шудааст, ки тавассути интернет дар Тоҷикистон хизмат мерасонанд.
Ба гуфти Қаҳорзода бо рушди технология хариду фурӯши молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои электронӣ тавассути шабакаҳои интернет аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ зиёд шуда истодааст.
“Ворид намудани тағйироти мазкур барои боз ҳам мукаммал гардидани қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар самти андозбандӣ намудани даромади ширкатҳои хориҷӣ аз ҳисоби хизматрасонии электронӣ, ба тадриҷан зиёд гардидани даромадҳо ба буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад намуд”, – гуфтааст вазир.
Қабули ин тағйирот дар ҳолест, ки чанде қабл Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, гуфта буд, ки дар назар доранд аз хизматрасонии ширкатҳои бузург ба монанди Google, Apple, Microsoft, Facebook ва дигарҳо андоз аз арзиши иловашуда ситонанд.
Ба гуфтаи раси кумитаи андоз интернет на танҳо барои ба даст овардани иттилоот истифода мешавад, балки бо истифода аз он хизматрасонии зиёди пулакӣ расонда мешавад.